Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко аз ҳамкориҳо бо Тоҷикистон розӣ аст


Раиси ҷумҳурии Беларус зимни шодбош аз сафири нави Тоҷикистон дар кишвараш гуфт, ки равобити миёни ин ду давлат ҳамеша дар сатҳи хуби ҳамкорӣ ҷараён гирифта Тоҷикистону Беларус дар чаҳорчӯбӣ Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд, созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Евразес шарикони ҳамешагӣ боқӣ мемонанд. Александр Лукашенко ахиран бо чунин изҳорот шурӯи кори Қозидавлати Қоимдодовро ба ҳайси раҳбари нави намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Минск хайрамақдам гуфт. Авасто менависад, ки Беларус ҳамоно омода аст бо Тоҷикистон дар самти тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию кишоварзӣ ва саноатӣ кор кунад. Тоҷикистон солҳои охир доираи ҳамкориҳои тиҷоратиашро бо Беларус бештар дар бахши техникӣ тавсеа дода аксар маводи зарурӣ, ба мисли мошинҳои борбари навъи “Белаз”-ро барои нирӯгоҳҳои обӣ аз ин кишвар харидорӣ мекунад. Қарор аст моҳи феврал аз Душанбе ҳайати азими ҳукумативу тиҷоратии Беларус барои баррасии созишномаҳои нав дидан кунад.
XS
SM
MD
LG