Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама паёми солонаашро ироа мекунад


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, имрӯз ба вакилони ҳарду палатаи Конгресс паёми солона оид ба вазъи кишварро ироа мекунад. Ба иттилоъи Кохи Сафед, бахши аъзами суханронии Обама ба мушкилоти иқтисодӣ бахшида хоҳад шуд. Тибқи он пораҳои паёми солона, ки дастраси матбуот шудаанд, раисиҷумҳури ИМА хостори аз байн бурдани ихтилофи байниҳизбӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ барои бурунрафт аз бӯҳрони иқтисодӣ хоҳад шуд. Барак Обама аз ислоҳоти бахши беҳдошт ва маҳдудсозии фаъолияти гурӯҳҳои лоббӣ низ дифоъ хоҳад кард. Интизор меравад, ки сарвари Амрико пешниҳодҳое дар робита ба мубориза бо бекорӣ ва ҳимояи синфи миёна низ ба миён гузорад.
XS
SM
MD
LG