Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгантиев дар бораи қотили Алишер Соҳибов чӣ гуфт?


Молдомӯсо Конгантиев-вазири дохилаи Қирғизистон бори дигар гуфт, ки қотили Алишер Соҳибов-рӯзноманигори мустақили Қирғизистон дар Тоҷикистон боздошт шудааст. Вай ба радиои Озодӣ гуфт, роҳҳои интиқоли қотил аз Тоҷикистон ба Қирғизистон бо мақомоти Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Аммо ҷониби Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин бора хабаре надорад ва чунин иддаоро рад кард. Алишер Соҳибов-шарванди ӯзбектабори Қирғизистон сардабири нашрияи "Сиёсат" буд, ки 24-ӯми октябри соли 2007 дар назди дафтараш дар шаҳри Ӯши Қирғизистон ба дасти афроди мусаллаҳи номаълум кушта шуд.
XS
SM
MD
LG