Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои шаҳрдор бо ҷурми мудохила ба интихобот


Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳокими шаҳри Нафталони ин кишвар, Мӯсо Мӯсоевро бо иттиҳоми дахолат дар интихобот аз вазифа барканор кард. Ҳамчунин бо қарори Кумиссюни марказии интихоботии Озарбойҷон натиҷаҳои интихобот дар ин шаҳр бекор шуданд. Раиси кумиссюн, Мазоҳир Паноҳов чанд рӯз баъд аз раъйдиҳӣ гуфт, Мӯсоев ба баргузории интихоботи озоду одилона халал расондааст. Ба иллати хилофкориҳо, натиҷаҳои раъйдиҳӣ ҳамчунин дар 33 қитъаи дигар беэътибор эълон шуданд. Шаҳрдор Мӯсоев, узви шӯрои сиёсии ҳизби ҳокими "Йени Озарбойҷон" ё "Озарбойҷони нав" аз соли 2000 то 2005 узви порлумони ин кишвар буд.
XS
SM
MD
LG