Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каррубӣ раёсати Аҳмадинежодро эътироф кард


Меҳдии Каррубӣ-раҳбари мухолифони давлати Эрон зоҳиран Маҳмуди Аҳмадинежодро раиси ҷумҳур эътироф кардааст. Ҳусейн-писари Каррубӣ ба бахши "Фардо"-и радиои Озодӣ гуфт, падари вай номзади ислоҳталаби Эрон то ҳол бовар дорад, ки интихобот пур аз тақаллуб буд, вале Оятуллоҳ Алӣ Хоменеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон натиҷаҳои интихоботро қабул кардааст:

"Эшон гуфтанд, ки ҳанӯз ба эътқоди худам ҳастам, ки ин интихобот шубҳадор ва комилан тақаллуб дар он ҷо ҳоким будааст ва чун давлат тавассути раҳбар танфиз шудааст ва вайро раҳбари ҳукумат пазируфтааст, танфизи раҳбарро қабул кардаанд".

Ин нахустин эътирофоти ошкор аз тарафи Каррубӣ аз замони интихоботи зидду нақази раёсати ҷумҳурии Эрон дар моҳи июни соли 2009 мебошад, интихоботе, ки тазоҳуроти густардаи норозиёнро дар пай дошт.
XS
SM
MD
LG