Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкҳо пули муҳоҷиронро ба соҳибонашон медиҳанд?


Бино ба хабари "Азия Плюс", муҳоҷирони кории Тоҷикистон шикоят кардаанд, ки бонкҳои Тоҷикистон як миқдори кӯмакҳои молии онҳо ба хонаводаҳояшонро бонкҳои Тоҷикистон маҷбурӣ барои сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун нигаҳ медоранд ва ба соҳибонашон намедиҳанд. Дар ин бора Умед Тоҳиров-ҳомии ҳуқуқи башар дар Маскав ба "Азия Плюс" хабар додааст. Вай дар ин бора шӯъбаҳои Амонатбонк ва бонкҳои дигари вилояти Суғдро мисол овардааст. Оқои Тоҳиров гуфтааст, барои ҷамъоварии маълағ кормандони пулиси вилоят низ сафарбар шудаанд. Аммо Маҳмадамин Маҳмадаминов-раиси Амонатбонки Тоҷикистон ин иддаоро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG