Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи интихоботи Украина расман эълон мешавад


Имрӯз Комиссиюни марказии интихоботии Украина натоиҷи даври аввали интихоботи президентиро расман эълон хоҳад кард. Михаил Охендовский, намояндаи ин комиссиюн, ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки рӯзи якшанбе ҳама протоколҳо аз ҳавзаҳои интихоботии минтақаӣ оид ба интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 17 январ ба Комиссиюни марказии интихобот расиданд.
Тибқи натоиҷи пешакӣ, ду номзад – раҳбари ҳизби минтақаҳо Виктор Янукович ва сарвазир Юлия Тимошенко, ки бештари раъйҳоро соҳиб шудаанд, муборизаро барои дарёфти курсии раисиҷумҳури Украина идома медиҳанд. Даври дуюми интихобот рӯзи 7 феврал баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG