Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони Каррубӣ хостори интихоботи нав шуданд


Ҷонибдорони яке аз раҳбарони мухолифини Эрон Меҳдии Каррубӣ аз мақомот хостанд, ки дар кишвар интихоботи озоду одилона доир кунанд. Мухолифин бори дигар изҳор намуданд, ки раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод бар асари тақаллуб зимни баршумурдани раъйҳо пирӯз эълон шудааст.
Ҷонибдорони Каррубӣ дар як изҳорот, ки ахиран дар Интернет нашр шудааст, гуфтаанд онҳо далелҳои зиёди тақаллубу қонуншиканиҳо дар маъракаи интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи июни соли гузаштаро дар ихтиёр доранд.
XS
SM
MD
LG