Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба раиси вилояти Вардаки Афғонистон


Бар асари бархӯрди як мошини устондори вилояти Вардаки Афғонистон чаҳор сарбози маҳаллӣ ҳалок шудааст. Ба гуфтаи Шаҳидуллоҳ Шаҳид – сухангӯи ҳукумати вилоят, Муҳаммад Ҳалим Фидоӣ - раиси вилоят, дар ин ҳодиса осеб надидааст. Баъди бархӯрди мошин ба бомби канори роҳ, ифротгароён ба самти дигар мошинҳо тир андохтаанд, вале дар ин ҳамла дигар касе кушта ва ё маҷрӯҳ нашудааст. Ду ҷангҷӯи ифротгароро баъди ҳамла дастгир кардаанд. Забеҳулло Муҷоҳид, як сухангӯи Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифта гуфтааст, ки ҳашт сарбози афғон дар ҳодиса ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG