Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии Phoenix дар Миррих беномунишон шуд


НАСА, Ожонси кайҳоншиносии Амрико гуфт, то ҳол аз киштиаш дар Миррих паёме нест. Гумон меравад, ки киштии Phoenix дар атрофи қутби шимолии Миррих ях баста бошад. НАСА гуфт, киштии Odyssey тайи 3 рӯзи охир дар атрофи маҳалли эҳтимолии фуруди Phoenix 30 дафъа чарх зада, вале паёме нашунидааст. Донишмандон бар ин боваранд, ки ба эҳтимоли ғолиб киштии Phoenix натавонист зимистони сахти Миррихро пушти сар кунад. Ин киштӣ дар моҳи майи соли 2008 дар Миррих фуруд омада, 5 моҳ фаъол буд.
XS
SM
MD
LG