Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми "салафиҳо" то фардо мутаваққиф шуд


Додгоҳи олии Тоҷикистон судури ҳукми ҳафт узви гурӯҳи мамнӯи Салафияро, ки бояд имрӯз анҷом мешуд, ба фардо гузошт. Дар миёни ин афрод раҳбари ин гурӯҳ Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Мулло Сироҷиддин низ ҳаст, ки аз пешвоҳои маъруфи ин гурӯҳи мазҳабӣ мебошад. Баррасии парвандаи ин гурӯҳро додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт дар ихтиёр дорад. Ҷониби айбдоркунанда ин гурӯҳро аз рӯи моддаи 189, қисми дуввуми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои “барангехтани адовати диниву нажодӣ” ба ҷавобгарӣ кашондааст. Ин дар ҳолест, ки муттаҳамон бо айбмониҳои мазкур розӣ нестанд ва мегӯянд, ки гуноҳи он фақат ин будааст, ки ба шеваи дигаргунае намоз гузошта омин мекардаанд, ки бештар бояд чун “баҳси илмӣ арзёбӣ шавад, на ҷиноӣ”. Афроди мазкур дар ҷараёни рейде моҳи июли соли гузашта дар қатори даҳҳо нафари дигар дар яке аз масҷидҳои Душанбе боздошт шуданд ва ҳоло аз он чил нафар ин ҳафт нафар барои фаъолиятҳои зиддиқонунӣ ба ҷавобгарии додгоҳӣ ҷалб шудаанд.
XS
SM
MD
LG