Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳалаи пешбарии номзадҳо ба анҷом расид


Марҳалаи пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон ба поён расид. Мақомоти Куммиссиюни марказии интихобот мегӯянд, барои ширкат дар интихобот дар 41 ҳавзаи инфиродӣ дар маҷмӯъ 175 номзад пешбарӣ шудаанд. 151 номзадро аҳзоби сиёсӣ пешбарӣ карда ва 24 нафар аз тариқи худпешбарӣ номзад шудаанд. 22 тан аз номзадҳо занонанд. Ин дар ҳолест, ки дар интихоботи қаблӣ ҳамагӣ 4 зан номзад шуда буд. 71 нафари дигар тавассути рӯйхатҳои ҳизбӣ ба намояндагӣ аз 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ барои дарёфти 22 курсии вакилии Маҷлиси намояндагон мубориза хоҳанд бурд. Интихоботи парлумони Тоҷикистон рӯзи 28 феврал баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG