Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти махфии Қанот Савдобоев ва Роҳат Алиев


Вазири умури хориҷаи Қазоқистон Қанот Савдобоев дар шаҳри Вена бо Роҳат Алиев, домоди собиқи раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев ва яке аз рақибони аслии ҳукумат, мулоқоти махфӣ анҷом дод. Дар ин бора рӯзномаи Der Standard, чопи Вена, хабар додааст. Нашрия ҳадс задааст, ки ҳадафи ин мулоқот – созиши муваққатии мусолиҳа дар давраи раёсати Қазоқистон дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупост. Қазоқистон нахустин кишвари собиқ шӯравист, ки раёсати даврии САҲА, яке аз созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ дар соли 2010-ро бар дӯш дорад. Қанот Савдобоев дирӯз дар Вена, дар нишасти Шӯрои доимии САҲА, барномаи кишвараш дар замони раҳбарии созмонро муаррифӣ кард.
Роҳат Алиев, сафири пешини Қазоқистон дар Австрия, аз сӯи Остона дар чанд ҷинояти сангин муттаҳам шуда, дар ғайбаш ба мӯҳлати 20 сол маҳкум ба зиндон шудааст. Соли 2007 додгоҳи Австрия тақозои мақомоти Қазоқистон барои истирдоди Роҳат Алиевро бо он далел рад кард, ки дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ҳуқуқи башар нақз мешавад.
XS
SM
MD
LG