Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдид ба дипломатҳои хориҷӣ дар Озарбоҷйон


Амрико ва Норвегия аз ҳукумати Озарбойҷон хостаанд, то ҳодисаи саркӯбии намозгузорон дар вилояти Нахҷувонро таҳқиқ кунад. Сафоратҳои Амрико ва Норвегия дар Боку бо нашри баёнияи муштараке хостори таҳқиқи комили ин ҳодиса ва таъмини амнияти дипломатҳои хориҷӣ дар Озарбойҷон шудаанд. Дар баёния омадааст, рӯзи чаҳоршанбе гурӯҳе аз афрод бо таҳдид ба дипломатҳои амрикоӣ ва Норвегия нагузоштаанд, то онҳо вориди рустои Бононёр шаванд. Бино ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, рӯзи 28 декабр баъди маросими ошӯрои шиъамазҳабон ва ҳамчунин рӯзи панҷуми январ пулиси Озарбойҷон сад нафарро дар рустои Бононёр латукӯб ва боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG