Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сад ҳазор нафар дар зилзилаи Ҳаитӣ ҳалок шудаанд


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, кишвараш аз ҳар роҳи мумкин ба бозмондагони заминларзаи мудҳиш дар Ҳаитӣ кӯмак хоҳад кард. Вай рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ба ҳукуматаш дастур додааст, ба хотири ҳифзи ҷони мардуми осебдида, кӯмаки фаврӣ ва ҳамоҳангшуда бирасонанд. "Ман ҳукуматро ҳидоят кардам, то барои ҳифзи ҷони мардум, кӯмаки фаврӣ ҳамоҳангшуда ва қотеъона бирасонанд. Мардуми Ҳаитӣ дар амри раҳоии фаврии афроди зери овор, ироаи кӯмакҳои башарӣ, ғизо, об ва доруворӣ, ки рӯзҳои оянда ба он ниёз хоҳанд дошт, аз ҳимояти комили Амрико бархурдор хоҳанд буд." Гурӯҳҳои наҷотбахш аз Амрико дирӯз барои кӯмак ба Ҳаитӣ шитофтанд. Заминларзаи мудҳиши ҳафт дараҷаӣ рӯзи сешанбе қисмати зиёди шаҳри Порто Принс пойтахти Ҳаитиро вайрон кард ва гуфта мешавад, теъдоди ҳалокшудагон аз 100 ҳазор нафар ҳам бештар хоҳад шуд. Бан Ги Мун – дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, вазъи башарӣ дар Ҳаитиро фавқуллода хонда гуфт, ки Созмони Милал барои ҳамоҳангии кӯмакҳо, гурӯҳи фаврие таъсис медиҳад. Созмони Байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, эҳтимолан дар ин заминларза бештар аз се миллион нафар осеб дидаанд.
XS
SM
MD
LG