Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми Юлия Тимошенко ба рақиби интихоботиаш


Юлия Тимошенко – нахуствазири Укроин, рақиби аслиаш дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Виктор Януковичро муттаҳам кард, ки қасд дорад, аз роҳи тақаллубкорӣ дар интихобот ба пирӯзӣ даст ёбад. Юлия Тимошенко дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳукумати Укроин дар шаҳри Киев сухан гуфт. Виктор Янукович зимни посух ба ин баёния дар шаҳри Симфереполи Қрим гуфт, мухолифон наметавонанд, дар натиҷаҳои интихобот тақаллуб кунанд ва ин мақомоти расмианд, ки қодиранд бо механизму сохтор ва вазорати умури дохилӣ ба чунин кор даст зананд. Интихоботи раёсати ҷумҳури Укроин 17 январ баргузор мешавад ва бино ба назархоҳиҳо, аз миёни номзадҳо, Янукович ва Тимошенко шанси бештари соҳиб шудан ба мақоми раиси ҷумҳурро доранд.
XS
SM
MD
LG