Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи сохтмони ниругоҳи Нуробод таъйид шуд


Вазорати энержии Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст, ки ширкати чиноии China Theban тарҳи комили сохтмони ниругоҳи барқи обии Нурободро ба вазорати энержии Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Коршиносони чиноӣ 4 навъи тарҳи ин сохтмонро барои омӯзиш дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштаанд. Тавоноии ин ниругоҳ 250 МВт пешбинӣ шудааст. Вазорати энержии Тоҷикистон гуфтааст, баъд аз ворид овардани баъзе иловаву ислоҳот дар ин тарҳ акнун ин ниругоҳ метавонад то 350 МВт нируи барқ тавлид кунад. Сармоягузорӣ ва сохтмони ин ниругоҳро худи чиноиҳо бар ӯҳда гирифтаанд. Дар иваз ҷониби Тоҷикистон як кони маъданро дар ихтиёри чиноиҳо мегузорад. Аз ин кон ном бурда намешавад.
XS
SM
MD
LG