Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримоти тоза ба зидди Эрон баррасӣ мешавад


Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико эълом кард, охири ин ҳафта гурӯҳи панҷ бар иловаи як дар шаҳри Ню Йорк, масъалаи эъмоли таҳримоти иловагӣ ба зидди Эронро баррасӣ хоҳанд кард. Ба гурӯҳи панҷ бар иловаи як Амрикову, Фаронса, Русияву Чин ва Бритониёву Олмон шомиланд. Ҳилларӣ Клинтон дар роҳи сафараш а Ҳаваӣ ба хабарнигорон гуфт, ҳукумати Барак Обама ба ин натиҷа расидааст, ки беҳтарин роҳи фишор ба Эрон, барои нишон додани табиати барномаҳои баҳсбарангези атомиаш, эъмоли таҳримот ба зидди элитаи ҳукмрони Эрон аст. Ҳилларӣ Клинтон гуфт, тасмими ниҳоӣ дар мавриди таҳримот гирифта нашудааст, вале ҳукумати Амрико баъди машварат бо шарикону дигар кишварҳо ба ҳамин самт ҳаракат дорад.
XS
SM
MD
LG