Бино ба натиҷаҳои расмии интихоботи раёсати ҷумҳури Хорватия, Иво Йосипович - намояндаи Ҳизби мухолифи Сотсиал Демократ, дар интихобот пирӯз шудааст. Кумиссиёни интихоботӣ эълом кард, ки Иво Йосиповия, 60,3 ва рақибаш Милан Бандич – шаҳрдори Загреб – пойтахти Хорватия, тақрибан 40 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Иво Йосипович – профессори ҳуқуқдон ва оҳангсоз, ваъда додааст, ки ба зидди фасодкорӣ муборизаи беамон хоҳад бурд ва ба кишвараш кӯмак хоҳад кард, то соли 2012 ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо бипайвандад. Иво Йосиполвич, раиси ҷумҳур Стипе Месичро иваз хоҳад кард, ки ду давраи панҷсола Хорватияро раҳбарӣ намудааст.