Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбекистон аз ЕврАзЭС дур мешавад


Хабаргузории Регнум иттилоъ додааст, ки мумкин аст дар нимаи дуввуми моҳи январи соли 2010 Ӯзбекистон эътибори баъзе қарордодҳои худро дар чаҳорчӯбаи ЕврАзЭС ё Созмони ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё муттаваққиф созад. Бино ба хабари ин манбаъ, дар ин бора ҳукумати Ӯзбекистон тарҳи қонунеро таҳия мекунад. Регнум мегӯяд, моҳи октябри соли 2008 Ӯзбекистон узвияти худ дар Созмони ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиёро боздошта буд. Ҳоло дар ин созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русияву Белорус узвият доранд.
XS
SM
MD
LG