Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии полис бо тазоҳуркунандагон дар Миср


Пас аз куштори ҳафт нафар дар рӯбарӯи калисои коптҳои Миср дар шаҳри Наг Ҳамадӣ, полис ва тазоҳургарон вориди даргири шадид шуданд. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, пайвандони кушташудагон дар байни тазоҳургароне буданд, ки бо талаби ба онҳо дода шудани ҷасади кушташудагон дар назди бемористон даст ба хушунат заданд. Дар тирандозӣ аз мошине ба сӯи калисои коптҳо дар поёни таҷлил аз мелоди Масеҳ шаш насронӣ ва як полиси мусулмон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG