Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Қоида масъулияти ҳамлаи Хостро бар дӯш гирифт


Ал-Қоидаи Афғонистон масъулияти ҳамлаи ҳафтаи гузашта ба пойгоҳи ҳарбии Иёлоти Муттаҳида дар Хостро, ки бар асари он ҳафт афсари Идораи марказии истихбороти Амрико кушта шуданд, бар дӯш гирифт. Мустафо Абдулязид, раҳбари Ал-Қоидаи Афғонистон дар изҳороте гуфтааст, ин ҳамла посух ба мушакборони манотиқи қабиланишини Покистон аст. Мақомоти истихборотӣ муайян карданд, ки ҳамлавари худкуш, Ҳумам Халил Абӯмулал ал-Балавӣ, ҷосуси дутарафае будааст, ки хадамоти ҷосусии Урдун ба шабакаи ал-Қоида ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG