Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Православҳо аз мавлуди Масеҳ таҷлил карданд


Миллионҳо нафар аз насрониҳои православ имрӯз мавлуди Исои Масеҳро ҷашн гирифтанд. Раҳбари динии Русия, Кирил нимашаб дар бузургтарин калисои Русия муноҷоти идонаро раҳбарӣ кард. Дар қатори наздик ба 4 ҳазор нафар, раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев низ дар ин маросим ширкат дошт. Сарвазири Русия, Владимир Путин дар маросими ҳамсон дар Кострома ширкат варзид. Раисиҷумҳури Сербия, Борис Тадич, идро ҳамроҳи ақаллияти серби Косово пешвоз гирифт Дар Байтуллаҳм, даҳҳо нафар аз насрониҳои Фаластин дар ҷараёни ид ба раҳбари мазҳабии худ, Теофилос, ки ӯро дар фурӯхтани заминҳои калисо ба исроилиҳо айбдолр мекунанд, нидои тамасхур заданд.
XS
SM
MD
LG