Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон хостори тавсеаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст


Реҳмон Малик-вазири дохилаи Покистон гуфт, кишвараш ба ҳамкориҳо бо Тоҷикистони бародар арҷ мегузорад ва талош хоҳад кард дар оянда ин ҳамкориҳо густариш ёбанд. Вай ин нуктаро дар Исломобод дар мулоқот бо Зубайдулло Зубайдов-сафири Тоҷикистон дар Покистон изҳор доштааст. Дар ин бора хабаргузориҳои Покистон иттилоъ додаанд. Сафири Тоҷикистон даъвати раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар бораи боздид аз Тоҷикистон ба вазири дохилаи Покистон пешниҳод кардааст. Ҷонибҳо дар ин мулоқот имконоти тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд. Расонаҳои хабарии Покистон навиштаанд, вазири дохила аз талошҳои сафири Тоҷикистон барои таҳкими равобити миёни ду кишвар ситоиш кардааст.
XS
SM
MD
LG