Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 нафар дар як садама дар Истаравшан


Як садамаи нақлиётӣ дар шимоли Тоҷикистон 5 нафарро кушта ба ҷо гузошт. Дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ронандаи мошини “Дэу – Тико” дар ҳудуди ноҳияи Истаравшан, тақрибан 300-километрии шимоли Душанбе, аз роҳи худ берун шуда, бо як автомобили “ВАЗ 2106- бархӯрд, ки дар натиҷа ронанда ва се мусофири “Тико” ва як мусофири “Жигулӣ” ба ҳалокат расиданд. Бар асари ин садама, 4 нафари дигари ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG