Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2009 28 корманди СММ кушта шудаанд


СММ мегӯяд, дар давоми соли 2009 дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон 28 корманди ғайринизомӣ ва 7 корманди низомии посдори сулҳи СММ кушта шудаанд. Аз 7 нафар муҳофизони сулҳи СММ 6 нафарашон дар минтақаи Дарфури Судон дар се ҳодисаи алоҳида ба қатл расонда шудаанд. Вале нафари ҳафтум, ки вай ҳам дар Судон дар мақоми муовини фармондеҳи нируҳои посдори сулҳ кор мекард, дар ватанаш дар Покистон дар рӯзҳои таътилаш кушта шуд. 18 нафар кормандони ғайринизомии СММ ё дар Покистон ва ё дар Афғонистон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG