Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқил Оқилов бо оқибатҳои зилзила шинос мешавад


Субҳи имрӯз нахуствазири Тоҷикистон аз маҳалҳои аз зилзилаи ахир зарардидаи ноҳияи Ванҷ дидан кард. Хабарнигори Озодӣ Мирзоҷалоли Шоҳҷамол аз Ванҷ гузориш медиҳад, ки Оқил Оқилов бо як ҳайати масъулин аз маркази ноҳия ва деҳоти Гӯшнун, Усхуроғ ва Роғ дидан карда бо зарардидаҳои зилзилаи пуршиддати рӯзи 2 январ мулоқот кард. Ӯ мегӯяд, деҳаи Гӯшнун бештар аз дигар рустоҳо зарар дида сокинони бехонамондаи ин маҳал феълан дар сохтмони мактаби маҳаллӣ ҷо дода шудаанд. Дар интернати воқеъ дар маркази ноҳияи Ванҷ ҳоло 17 нафар паноҳ бурдаанд.
Бар тибқи арзёбиҳои феълӣ, беш аз 60 манзил шадидан ва чаҳор мактабу ҳафт сохтмони маъмурӣ қисман хароб шудааст. Сохтмони истиқоматии 500 хонавода ҳам бар асари зилзила осеб дида ба таъмиру тармим ниёз дорад. Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ба хабарнигори Озодӣ дар Ванҷ иттилоъ дод, ки ҳоло ҳудудан 30 тонна кӯмак, ки аз 50 хаймаву маводи ғизо иборат аст, тавассути мошинҳо ба ин маҳал фиристода шудааст ва бояд имрӯз ба дасти мардум бирасад.
Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, ки то ин лаҳзаҳо ба мардуми зарардида аз тариқи Кумитаи Ҳилоли Аҳмар бо хаймаҳо кӯмак ироа шудааст. Дар ҳамин ҳол Маҳмадулло Ҳалимов, раиси ситоди Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Итар-Тасс гуфтааст, ки то имрӯз 40 созмони имдодрасони байналмилалӣ барои кӯмак ба зарардидаҳои зилзилаи ноҳияи Ванҷ изҳори омодагӣ кардаанд ва ин кӯмакҳо қарор аст баъди арзёбии мизони хисорот расонда шавад.
Шиддати тапиши замин дар рӯзи 2 январи имсол дар ноҳияи Ванҷ дар ҳудуди 5,1 дараҷаи Риҳтер арзёбӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG