Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар додгоҳи Лас Вегас 2 нафар кушта шуданд


Дар дохили бинои додгоҳи федеролӣ дар шаҳри Лас Вегаси аёлати Невадаи Амрико дар як тирандозӣ 2 нафар кушта шудаанд. Мақомот мегӯянд, баъд аз чанд дақиқаи оғози мурофиаи додгоҳӣ субҳи рӯзи душанбе марде вориди бино шудааст ва ба тирандозӣ шуруъ кардааст. Дар ин тирандозӣ як афсари амниятӣ ва як маршали амрикоӣ кушта шудаанд. Афсарони амниятии дигар барои ҷилавгирӣ аз ин тирандозӣ худи қотилро ҳадафи тир қарор доданд. Бино ба гузоришҳо, тирандозӣ чанд дақиқа идома доштааст. Мақомоти расмӣ бар ин боваранд, ки ин мард худаш танҳо будааст, вале ҳуввияти вай ва сабабҳои ин тирандозӣ то ҳол маълум нашудааст.
XS
SM
MD
LG