Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба сарони қабоил дар Покистон


Бар асари инфиҷор дар канори шаҳри Хангуи Покистон собиқ вазири ҳукумати Вилояти Шимолу ғарбӣ Ғанӣ-ур-Раҳмон ба ҳалокат расид. Ба асари инфиҷори бомб ҳамчунин се нафари бо ӯ дар мошин буда ҳам кушта шуданд. Аз ин пеш хабар дода шуд, ки дар шаҳри Кҳар, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, алайҳи сарони қабоил ҳамлаи террористӣ сурат гирифт. Сарони қабоил бояд мавзӯъи ташкили дастаҳои мусаллаҳона алайҳи толибонро баррасӣ мекарданд. Дар ин ҳодиса ду нафар кушта шуда ва чаҳор тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд. Баъд аз шурӯъи амалиёти густардаи ҳукумати Покистон алайҳи ҷунбиши “Толибон” бар асари ҳамлаҳои гурӯҳҳои ифротгаро дар кишвар садҳо нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG