Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CIA иттиҳомро рад кард


Хадамоти марказии кашфи Амрико ваё CIA навиштаҳои расонаҳои ғарбиро дар мавриди он ки ин ниҳод ба иттилоъ дар бораи шаҳрванди Нигерия Умар Фаррух Абдумуталлаб таваҷҷуҳе зоҳир накардааст, қатъӣ рад кард. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 25 декабр Умар Фаррух Абдумуталлаб талош кард то дар ҳавопаймое, ки аз шаҳри Амстердами Ҳоланд ба Детройти ИМА парвоз мекард, маводи таркандаро мунфаҷир созад ва аммо мусофирон ва сарнишинҳои ҳавопаймо садди роҳаш шуданд.
Рӯзҳои ахир Хадамоти марказии кашфи Амрико барои он мавриди интиқод қарор гирифт, ки огаҳии падари Абдумуталлаб дар бораи нақшаҳои ифротгароёнаи писарашро махфӣ нигаҳ дошт. Имрӯз намояндаи CIA хабар дод, ки онҳо ҳанӯз моҳи ноябр дар бораи Абдумуталлаб иттилоъ пайдо карда буданд ва ҳама маълумотро дар бораи ӯ дар ихтиёри ниҳоди мубориза бо терроризми ИМА гузоштанд.
XS
SM
MD
LG