Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқгарон аз 8 то 15 сол маҳкум ба зиндон шуданд


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 4 қочоқгари маводи мухаддирро ба мӯҳлатҳои гуногун маҳкум ба зиндон кард. Ду бародарон, Фатҳуллоҳи 54-сола ва Маликшоҳ Бегови 30-сола ва ҳамчунин Маҳмадшариф Ниёзов ва Меҳроҷиддин Азизов, ки ҳама сокинони шаҳри Душанбе мебошанд, барои қочоқи маводи мухаддир аз 8 сол то 15 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Тибқи ҳукми додгоҳ, дороии онҳо низ мусодира мешавад.
XS
SM
MD
LG