Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мордехай Вануну дигарбора боздошт шуд


Шаҳрванди Исроил Мордехай Вануну, ки бо ҷурми ифшои асрори барномаҳои ҳастаии Исроил 18 солро пушти панҷара ба сар бурдааст, дигарбора боздошт шуд. Вануну ин дафъа ба анҷоми мулоқот бо чанд хориҷӣ муттаҳам мешавад. Парҳез аз мулоқот бо хориҷиён як шарти раҳоии ӯ аз зиндон дар соли 2004 буд. Вануну соли 1986 баъди он ки дар бораи кораш ба ҳайси корманди фаннӣ дар реактори ҳастаии Димона ба як рӯзномаи бритониёӣ мусоҳиба дод, бо ҷурми хиёнат маҳкум шуд.
Бар асоси маълумоте, ки Вануну ифшо кард, коршиносон мегӯянд, Исроил шояд шашумин арсенали бузургтарини ҳастаии ҷаҳонро дар ихтиёр дошта бошад. Исроил ҳеҷ гоҳ соҳиби силоҳи ҳастаӣ буданашро тасдиқ ваё радд накардааст.
XS
SM
MD
LG