Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон хоҳари Ширин Ибодиро боздошт кардаанд


Бино ба ахбори расида аз Эрон, мақомоти он кишвар Нӯшин Ибодӣ, хоҳари барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодиро боздошт кардаанд. Як сомонаи интернетии мухолифин аз қавли Ибодӣ навишт, ки Нӯшинро шаби душанбе аз манзилаш гирифтаанд. Ширин Ибодӣ ба CNN гуфтааст, хоҳари омӯзгори ӯ дахили умури ҳуқуқи башар набуд ва дар эътирозҳое, ки дар пайи интихоботи моҳи июни раёсатҷумҳурӣ Эронро фаро гирифт, низ ширкат намекард. Бино ба хабарҳо, шаби гузашта хабарнигори шинохтаи эронӣ Мошоллоҳ Шамсулвоизин ва фаъоли ҳуқуқи башар Мансура Шуҷоъӣ низ боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG