Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расул Боқиев ба Тоҷикистон бармегардад?


Як мақоми масъули риштаи варзиши Тоҷикистон гуфтааст, ки гуштигири маъруф Расул Боқиев дар Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон низ таҳти парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Алимуҳаммад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба “Азия Плюс” гуфтааст, масъалаи бозгашти Расул Боқиев ба Тоҷикистон ахиран ҳалл шудааст.
Расул Боқиев, барандаи нишони биринҷии Олимпиадаи Пекин дар тобистони имсол ба нишони эътироз тарки Тоҷикистон кард ва ахиран дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия дар навъи гуштии дзюдо барандаи нишони тило шуд.
Дар ин хабар аммо гуфта намешавад, ки Боқиев таҳти чӣ шароите ба Тоҷикистон бар хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG