Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шимоли Ироқ 4 нафар дар инфиҷоре кушта шуд


Дар натиҷаи инфиҷори баме дар раҳпаймоии аҳли шиа дар шаҳраки Туз Хорматои Ироқ 4 нафар кушта, 15 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Пайравони мазҳаби шиа дар ин шаҳраки наздикии Киркук рӯзи Ошӯроро баргузор мекарданд. Рӯзи Ошӯро ба шаҳодати имом Ҳусейн иртибот дорад, ки дар қарни 7-и милодӣ кушта шуд. Ҳусейн набераи Муҳаммад пайғамбари ислом аст ва ҳар сол дар рӯзи шаҳодати вай пайравони шиа ин рӯзро бо раҳпаймоиҳо ва задани занҷирҳо ба бадан баргузор мекунанд.
XS
SM
MD
LG