Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абумуталлабро дар Амрико маҳкум карданд


Мақомоти расмии Амрико марди 23-солаи шаҳрванди Нигерия Умар Фаррух Абдулмуталлабро, ки талош дошт дар рӯзи Милоди Масеҳ ҳавопаймои мусофирбарро мунфаҷир созад, муттаҳам карданд. Қозии додгоҳ дар бемористоне дар Мичиган рӯзи шанбе ҳукми Абдулмуталлабро қироат кард. Бадани маҳкумшуда ҳангоми талошти инфиҷори ҳавопаймо аз оташ осеб дидааст ва вай дар ин бемористон муолиҷа мегирад. Рӯзи шанбе ин ҳавопаймо аз Амстердами Голландия ба шаҳри Детройти Амрико парвоз мекард. Қабл аз фуруди ҳавопаймо вай талош кард моддаи мунфаҷираро, ки PETN ном дорад, оташ занад. Вале мусофирон ва халабонон аз ин кор ҷилавгирӣ карданд. Ин модда ба моддаи мунфаҷираи пошнаи пойафзоли Ричард Рейд ё "бами пойафзолӣ" шабоҳат дорад, ки мехост ҳавопаймои мусофирбарии Амрикоро дар соли 2001 дар ҳаво мунфаҷир созад.
XS
SM
MD
LG