Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари бин Лоден - дар сафорати Саудия дар Теҳрон


Эрон гуфт, ки сафорати Арабистони Саудӣ дар бораи дар сохтмони ин сафорат қарор доштани Имон, духтари раҳбари шабакаи Ал-Қоида Усома бин Лоден хабардораш кардааст. Вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ гуфт, мақомоти Эрон аммо намедонанд, ки духтари бин Лоден чӣ гуна вориди Эрон шудаву ба сафоратхона роҳ ёфтааст.
Муттакӣ, ки тавассути телевизиони Эрон сӯҳбат мекард, гуфт, агар мақомоти Эрон ҳуввияти ин духтарро ташхис карда битавонанд, ӯ ҳаққи берун рафтан аз Эронро хоҳад дошт.
Вазир дар бораи дар сафорати Саудия будани боз ягон фарзанди дигари Усома бин Лоден ва дар ин бора ки кадоме аз онон дар дасти мақомоти эронӣ ҳаст ё хайр, чизе нагуфтааст.
XS
SM
MD
LG