Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, бо ислоҳи Қонуни собиқадорон, ҳуқуқи афродеро, ки дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд, бо ҳаққи собиқадорони он ҷанг баробар кард.
Ислоҳи ин қонун дар пешорӯи солгарди 65-уми пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ сурат гирифтааст. Вакили Маҷлис Холназар Муҳаммадалиев гуфтааст, имтиёзҳои ҷадид каме бештар аз 2000 нафари бозмонда аз заҳматкашони ақибгоҳро фаро хоҳад гирифт.