Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин боз 5 ошӯбгарро ба марг маҳкум кард


Як додгоҳ дар Чин боз панҷ ширкаткунандаи задухурдҳои қавмӣ дар шаҳри Урумчӣ, маркази вилояти Шинҷону Уйғурро, ба қатл маҳкум кард. Аввалҳои моҳ низ Пекин эълом дошт, панҷ нафареро, ки дар ин ҳаводис даст ба қатлу дигар ҷиноят задаанд, ба марг маҳкум намудааст. Ба навиштаи хабаргузории “Синхуа”, он вақт ҳамчунин ду нафари дигар аз сӯи додгоҳи шаҳри Урумчӣ ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Аз ин пеш мақомоти Чин хабар доданд, ки шаш нафар аз ӯйғурҳои мусулмонро барои ширкат дар ошӯбҳои хунини моҳи июл дар вилоят эъдом кардааст. Дар ин ошӯбҳо ва бар асари бархурд миёни ӯйғурҳову чиноиҳо 197 нафар ба ҳалокат расиданд.
Дар маҷмӯъ бо иттиҳоми даст доштан дар қатлу куштор ва ташкили бенизомиҳо дар шаҳри Урумчӣ аллакай 22 нафар маҳкум ба эъдом шудаанд.
XS
SM
MD
LG