Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Тоҷикистон ду лижатоз ба Ванкувер мераванд


Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Ванкувери Канада ду варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард. Ахиран ду лижатоз аз Тоҷикистон – Алишер Қудратов ва Андрей Дригин ҳаққи ширкат дар ин Олимпиадаро ба даст оварданд. Мақомоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯянд, ҳарду варзишкор феълан дар Маскав қарор дошта, рӯзҳои наздик ба хотири омодагӣ гирифтан ба мусобиқоти олимпӣ ба яке аз кишварҳои Аврупо хоҳанд рафт.
Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Ванкувер аз 12 то 28 феврали соли 2010 барпо хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG