Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия дар рӯзи дуввуми боздиди худ аз Миср бо Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард. Пешбинӣ мешавад, ки Русия бо ин кишвар ҳамкориҳои худро бештар густариш диҳад. Русия аз ҳар кишвари дигар дар минтақа бо Миср ҳамкориҳои густарда дорад. Лавров дар мулоқот бо Ҳуснӣ Муборак ва бо Амр Мусо-раиси Ҷомеаи Араб бояд масъалаи муноқишаи Фаластину Исроилро низ баррасӣ мекард.