Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки нави Итиҳодияи Аврупо ба Осиёи Марказӣ


Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ки барои мусоидат ба омодагии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба фалокатҳои табии эҳтимолӣ соли оянда, бештар аз 7 миллион евро ихтисос медиҳад. Кумиссиёни Аврупо гуфтааст, Тоҷикистону Қазоқистон, Ӯзбакистону Қирғизистон ва Туркманистон зуд зуд шоҳиди обхезиву ярч, заминларза ва дигар фалокатҳои табиӣ мешавад ва тавони кофии муқобила бо ин офатҳо ва паёмадҳои тағйири иқлимро надоранд. Ба гуфтаи кумиссиён, кӯмакҳои молӣ барои коҳиши осебпазирии аҳолии маҳаллӣ дар баробари фалокатҳо ва омода кардани онҳо барои рафъи зуди фалокатҳои эҳтимолӣ ихтисос дода мешавад. Дар як гузориши Созмони Милал омадааст, дар сурати вуқӯъи ягон фалокати бузурги табиӣ Тоҷикистон абзору имконоти кофӣ надорад, то ба мардум ба зудӣ кӯмак намуда ва паёмадҳои фалокатро ба таври муносиб рафъ намояд.
XS
SM
MD
LG