Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қимати нафт баъди гузоришҳо аз Ироқ


Баъди гузоришҳо доир ба тассаруфи як чоҳи нафтии Ироқ аз тарафи нерӯҳои Эрон қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло рафт. Аз ҷумла дар бозори Ню Йорк, қимати ҳар бӯшка нафт аз 71 сент афзуда ба бештар аз 73 доллар расид. Пештар аз ин гузориш мешуд, ки сарбозони Эрон марзи Ироқро убур карда ва дар майдони нафтии Факкоҳ дар ҷанубушарқи Ироқ парчами кишварашонро барафрохтаанд. Алӣ Ал-Даббоғ сухангӯи ҳукумати Ироқ гуфт, 11 сарбози эронӣ чоҳи мазкурро таҳти назорат гирифтанд, ки “нақзи истиқлолияти Ироқ” аст. Вай хост, то нерӯҳои эрон аз чоҳи рақами чаҳор дар ин майдони нафтӣ фавран хориҷ шаванд. Намояндаи ҳукумати Ироқ гуфт, кишвараш талош дорад, ин масъаларо аз роҳи осоишта ва дипломатӣ ҳал кунад. Аммо як сухангӯи ширкати нафтии Эрон тамоми иттиҳомоти мазкурро рад карда гуфт, нерӯҳои кишвараш ягон чоҳи нафтии Ироқро ишғол накардаанд.
XS
SM
MD
LG