Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотили тоҷик дар Русия 13 сол ҳукми зиндон гирифт


Тибқи хабари матбуоти Русия, додгоҳи вилояти Новосибирски ин кишвар Алексей Носковро, ки дар олмаи ҷиноӣ бо номи мустаори Барс машҳур аст, барои куштори шаҳрванди Тоҷикистон ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Чаҳор нафари дигар аз ҳамроҳони ин ҷинояткор низ барои шиканҷаи муҳоҷири тоҷик гунаҳгор шинохта шудаанд. Куштори шаҳрванди Тоҷикистон решаҳои бегонаситезӣ доштааст. Ин ҷинояткорон шоми 19-ӯми октябри соли 2008 Абдулатиф Турсунови 24 сола, шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми бозгашташ аз бозор ба хона дар хиёбони марказии шаҳр таъқиб мекунанд ва бо зарбҳои корд ба сару рӯ ва баданаш ваҳшиёна ба қатл мерасонанд.
XS
SM
MD
LG