Андерс фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО ва раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар Маскав масоили марбут ба ҳамкориҳои Русия ва Паймони НАТО ва авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд. Дар ин мулоқот онҳо рӯи пешниҳодҳои Русия оид ба таъмини амнияти сартосарӣ дар Аврупо низ тамаркуз карданд.
Аз ин пеш Андерс фог Расмуссен дар мулоқот бо вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров изҳор намуд, ки тирамоҳи гузашта як марҳалаи нав дар равобити миёни Русия ва Паймони НАТО гардид. Сергей Лавров, дар навбати худ гуфт, ки "миёни Маскав ва НАТО ихтилофи назарҳо боқӣ мондаанд ва аммо ҳарду ҷониб вазъро хуб дарк мекунанд ва омодаи ҳамкорӣ ба хотири ҳалли мушкилотанд".
Сафари Андерс фог Расмуссен ба Маскав нахустин сафари Дабири кулли НАТО баъд аз ҷанг дар Қафқози шимолӣ дар моҳи августи соли гузашта аст.