Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори мухолифони Эрон аз барномаҳои саркӯбӣ


Мухолифони Эрон имрӯз мақомоти давлатро дар амалҳои, ба гуфтаи онҳо, "ғайримуқаррарӣ" барои саркӯб кардани ҷумбиши ислоҳотхоҳ айбдор карданд. Дар изҳороте, ки дар сомонаи интернетии раҳбари мухолифон, Мирҳусейни Мӯсавӣ нашр шудааст, ба иттиҳомоте ишора шудааст, ки гӯё мухолифон дар ҷараёни тазоҳуроти ҳафтаи гузашта ба раҳбари инқилоб оятуллоҳ Рӯҳулло Хумайниро тавҳин кардаанд. Мӯсавӣ мегӯяд, мақомоти ин тавҳинро тарҳрезӣ ва сипас ба донишҷӯён марбут карда, ба чораҳои ғайриодии саркӯб кардани мухолифон омодагӣ мегиранд. Вай аз тарафдорони Ҷумбиши сабз хост, ҳушёр ва аз ҷараёни ҳаводис огоҳ бошанд.
XS
SM
MD
LG