Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъзоми сарбозони ИМА ба Афғонистон шурӯъ мешавад


Як фармондеҳи олирутбаи Амрико мегӯяд, 16 ҳазор сарбози ин кишвар амр гирифтаанд, ки ба зудӣ ба Афғонистон бираванд. Ҳафтае пеш Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико доир ба стротежии наваш дар Афғонистон эълом кард ва гуфт, соли оянда ба он кишвар 30 ҳазор сарбози дигар эъзом мекунад. Адмирал Майк Муллен – фармондеҳи ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико гуфт, як баталиёни нерӯҳои баҳрӣ, ҳафтаи оянда ба ҷануби Афғонистон ворид хоҳанд шуд. Майк Муллен ҳамчунин афзуд, ҳазорон тонна масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимоти муҳим барои иқомати сарбозон низ барои интиқол ба Афғонистон омода шудааст. Бо ворид шудани тамоми 30 ҳазор сарбози изофии Амрико ба Афғонистон, теъдоди нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар он кишвар ба 100 ҳазор нафар хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG