Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзёбии Петреус аз ҷанги Афғонистон


Дейвид Петреус – раҳбари амалиёти низомии Амрико дар Афғонистону Ироқ гуфт, бо вуҷуди пайвастани 30 ҳазор сарбози дигари амрикоӣ ба ҳамхидматонашон дар Афғонистон, ғолибан хушунат ва бесарусомонии дохилӣ дар ин кишвар дар кӯтоҳмуддат афзоиш хоҳад ёфт. Дейвид Петреус дар ҳузури вакилони мардумии Амрико гуфт, раванди беҳбуди авзоъи амниятӣ дар Афғонистон пас аз афзоиши нерӯҳо, назар ба ончӣ ки ду сол қабл дар Ироқ гузашт, кундтар хоҳад буд: "Дастёбӣ ба пешрафт дар Афғонистон сахт хоҳад буд ва раванди ин пешрафт назар ба пешрафте, ки мо дар Ироқ ноил шудем, кундтар хоҳад буд." Ин фармондеҳи амрикоӣ аз вакилони конгресси Амрико хост, пеш аз баҳо додан ба короии стротежии нави ҷанг дар Афғонистон дасти кам як сол сабр кунанд.
XS
SM
MD
LG