Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бад шудани ҳоли Юнон бар асари бӯҳрон


Ҷорҷ Папандреу – нахуствазири Юнон рӯзи чаҳоршанбе ҳушдор дод, ки бӯҳрони молӣ ба истиқлолияти ин кишвар таҳдид мекунад. Аз ин рӯ ба гуфтаи вай, ё бояд қарзи кишвар аз байн бурда шавад ва ё қарз Юнонро аз байн хоҳад бурд. Пеш аз ин баёнияи нахуствазири Юнон, ниҳодҳои нозир, эълом карданд, ки мизони тавоноии Юнон дар бозгардонидани қарзҳо заъифтар шудааст ва мақомоти баландпояи Иттиҳодияи Аврупо ҳам баёниҳое нигаронкунандае аз вазъи Юнон нашр карданд. Дефитсиси буҷаи Юнон соли равон тақрибан 13 дар сад афзоиш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG