Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Теҳрон 204 нафар эътирозкунанда боздошт шудааст


Раиси пулиси Теҳрон гуфтааст, бештар аз 200 нафар ширкаткунандагони раҳпаймоии эътирозии донишҷӯёни донишгоҳи пойтахти Эрон боздошт шудаанд. Ин раҳпаймоӣ рӯзи душанбе анҷом гирифт. ИРНО-хабаргузории расмии Эрон аз қавли генерал Азизуллоҳ Раҷабзода навиштааст, 204 нафар дар Теҳрон боздошт шудаанд. Рӯзи душанбе ҳазорон нафар эътирозкунандагон дар атрофи донишгоҳҳои Теҳрон ва донишгоҳҳои шаҳрҳои дигар раҳпаймоӣ анҷом доданд. Дар баъзе мҳаллот миёни пулис ва раҳпаймоён задухурд ба амал омад. Дар бораи боздоштҳо дар шаҳрҳои дигар иттилоъ дода намешавад.
XS
SM
MD
LG